8 сентябри соли равон бахшида ба 32 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти муҳоҷират, ҳамоиши идона доир гардид.
Зимни ҳамоиш Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба дастовардҳои замони истиқлол ва нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдату иттиҳоди миллат сухан гуфта, иброз намуд, ки барои Тоҷикистон истиқлолу озодӣ дастоварди бузурги таърихие мебошад, ки ифодагари озодии сиёсӣ ва асоси пешрафти давлати миллӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ — ин, пеш аз ҳама, озодӣ, ғоя, меъёр ва арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки тавассути онҳо манфиатҳои миллии давлатамон ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.
Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик сароғози давлатдории навин ва бунёди ҷомеаи мутамаддин гардид. Дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ кишвари мо миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи хоси худро пайдо намуда, миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам ниҳод.
Дар ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа, профессор Саидов Абдуманон иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд кард, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу субот бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва саъю кӯшиши миллати ободгару созандаи тоҷик моро марҳила ба марҳила ба қуллаи мурод наздик мекунад.
Имрӯз яке аз мақсадҳои асосии ҳар давлати миллӣ таъмини шароити зиндагии сазовор барои шаҳрвандони худ мебошад. Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста дорад ва давлат бояд барои таъмини он тамоми кӯшишу талошҳои худро анҷом диҳад.
Бинобар ин, Ҳукумати кишвар маҳз масъалаи баланд намудани сатҳи зиндагонии мардумро дар авлавият қарор дода, дар ин самт нақшаҳои ҷиддиро амалӣ менамояд.
Дар давоми сиву ду сол ба шарофати роҳнамоӣ ва заҳмати софдилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя намуда метавонад, ки Роҳбари оқилу доно ва Пешвои ватанпарвару дурнигар дошта бошад.
Дар интиҳои ҳамоиш як зумра кормандони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, гузоштани саҳми назаррас бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират