• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар партави Паём. Терроризм-душмани маккоре барои инсоният

admin by admin
12.06.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асри 21-ум агар аз як ҷониб бо армуғонҳои рушди технологию иноватсионӣ дар ҳаёти аҳли башар нақшгузор бошад, аз ҷониби дигар зоҳир гардидани равандҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ дар қабои ҷараёни фарогири  “ҷаҳонишавӣ” халқи оламро дар ин қарни пурталотум ба таҳлука андохтааст. Махсусан, зуҳуроти харобиовари экстремизму терроризм ҳанӯз дар ибтидои ин қарн дар шаклу қолаби комилан нав дар сиёсатҳои духӯраю гуногунҷанбаи қудратҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфт.

Ин буд, ки бархе аз гурӯҳҳои тундгаро аз сӯи манфиатхоҳони қудратталаб дастгирӣ ёфтаву ҳаёти ороми мардумонро ба маҷрои нооромӣ кашнониданд. Воқеан, шигифтовар ва мояи нигаронӣ он аст, ки баъзан чунин ҷараёну ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз сӯи қудратҳое дастгириву пуштибонӣ меёбанд, ки худ лофи демократия задаву ҳамеша аз боби ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан мегӯянд. Албатта чунин шеваи муносибат ва татбиқи сиёсати дугона дар нисбати равандҳои номатлуб кори ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи мубориза алайҳи чунин вабои аср беш аз пеш душвору мураккабтар мегардонад.

Ҳоло ҳеҷ кишвари дунё, хоҳ мутараққӣ бошад, хоҳ дар ҳоли рушд аз хатару паёмад ва амалкардҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар амон нест. Зеро агар ба таърихи начандон дури ибтидои қарни 21 назар афканем, ба хулосае мерасем, ки Амрико бо он имконоти мудофиавии бузурге, ки дошт, натавонист ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001-умро пешгирӣ кунад. Ё худ ин андешаи моро бо гузашти чандин сол ҳодисаи 13-уми ноябри соли 2015-уми Париж собит месозад. Чун Фаронсаву Иттиҳоди Аврупо заъфу нотавонии худро дар лобалои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” нишон доданд ва як ҳамлаи ин ҷараёни ифротӣ боиси марги 137 фаронсавӣ гардид. Ҳоло маълум мегардад, ки масъалаи рақами яки сайёра бояд ҳалли мушкилот дар самти шинохти равандҳои иртиҷоӣ ва сарпарастони онҳо бошад. Махсусан, дар замоне, ки бештари гурӯҳу ҷараёнҳои радикалӣ бо истифода аз ному таълимоти ислом ҳадафҳои худро пиёда месозанд.

Бо дарки ҳамин нуктаи борик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2000-ум дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмни ҳамкориҳои исломӣ дар Қатар аз хатари сӯйистифода гардидани дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ҳушдор дода, таъкид доштанд, ки таълимоти исломӣ аз барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст ва он ба исломи ҳақиқӣ алоқамандие надорад. Пешвои миллати мо чунин мавқеи қатъии худро дар роҳи шинохти аслии ислом дар марҳилаҳои баъдӣ низ нигоҳ дошта, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар минбари Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки “Террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад”.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллати мо бо изҳори нигаронӣ аз содир гардидани амалҳои мудҳиши террористӣ дар саросари дунё иброз намуданд, ки: “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад”.

Ба таъкиди Пешвои миллат фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти қудратӣ дар роҳи решакан намудани ин зуҳурот метавонад ба суди кор бошад.

Воқеан, имрӯз мақомоти қудратии кишвар дар доираи барномаҳои давлатӣ барои пешгирӣ аз гароиши ҳамватанони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ саъю талош карда истодаанд. Аз ин хотир, имрӯз вақти он расидааст, ки хатари гурӯҳу ҷараёнҳои ифротию террористиро пеш аз ҳама ба ҳайси хатаре барои худу хонаводаи худ ва Ватани азизи худ дарк намуда, дар роҳи мубориза бо он бетараф набошем.

Аҳлиддин Одиназода, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода

Previous Post

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем

Next Post

Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа

Next Post

Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.