Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо масъулини соҳа, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷамъомад масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат, расонидани машварату кумакҳои ҳуқуқӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳо дар самти расонидани ёрии тиббӣ ва дигар масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия имкон фароҳам омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар худуди кишварҳои ҳамдигар ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, муваққатан дар доираи санадҳои ҳамкории дуҷониба кору фаъолият ва зиндагонӣ намоянд. Шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, ки дар баробари фаъолияти меҳнатӣ, онҳо ба баланд бардоштани тахассус ва омӯзиши касбу ҳунар дар хориҷи кишвар бипардозанд.
Тоҷикон дар олам бо фарҳангу таърихи бостонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ шинохта шудаанд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ин рисолати таърихии ниёгонамонро идома дода, дар ҳар куҷое, ки бошем бо рафтору гуфтори намунавӣ номбардори Тоҷикистон бошем! Дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ зарур аст, ки ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ тартиботи дохилиро риоя карда, барои ташаккули муносибатҳои дӯстонаи халқи тоҷику рус саҳмгузор бошем, — таъкид карданд иштирокдорони ҷамъомад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон «Рӯдакӣ» фаъолият дошта, пайваста дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Айни замон бо мусоидати ташкилоти ҷамъиятии «Рӯдакӣ» ва дастгирии ҳукумат таъмири капиталии бинои марказии мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз гардида, дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор дода мешавад. Пас аз ба истифода додани ин марказ муҳоҷироне, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба минтақаи мазкур сафар менамоянд, имконият пайдо мекунанд аз хизматрасонии он истифода баранд.
Дар охир аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба масъулини Намояндагӣ вобаста ба фаъолияти меҳнатии худ саволҳо пешниҳод карданд, ки ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират