Баъди сипарӣ гардидани соле чанд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббусу ибтикороти ободкорию созандагӣ ва бунёдгариҳою эҳёгариҳои беназири сиёсӣ, иҷтмоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, ҳуқуқиро аз таркиб дошт, мардуми мамлакат тадриҷан аз самараи он бархўрдор шуданд. Маҳз Истиқлолият, Ваҳдат, озодӣ, ҳусн ҳамчун вожаҳои дилписанди миллии мост.
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва воли ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳони миллат аст.
Давлатамон дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ роҳ паймуда истодааст, худшиносии миллӣ, таърихи ҷомеа воситаест барои зербинои маънавии истиқлолияти давлатӣ ва низоми нави иҷтимоиро фарҳам овардан. Пешрафти ҳар кишвар аз шинохти ҳуввияти миллӣ ва худшиносии таърихиву фарҳангии аҳли ҷомеа падидор мегардад.
Маҳз аз нишонаҳои миллӣ, ки сару либоси миллии давлати моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ба ҳаммаи мо маълум аст. Доир ба анъанаҳои миллии мо низ дар китоби нишондоди ҷуғрофӣ дар 22 ҷилд «Тоҷикистон» доир ба либосҳои миллии тоҷик пешбинӣ шудааст. Аммо гуногунпўшии бонувон моро ҷалб месозад, ки либос ба бар карданҳои духтарони тоҷик шахсро аз худшиносии миллии худ дур сохта тамоми фикру ақидаҳои ҷамъиятро ба хаёлоти олами дунёи дигар мебарад. Зеро кадом навъ мўд ё ба кадом қавму халқ тааллуқ доштани либосҳо ба мо фарқ надорад ва пўшидани либосҳои гуногун гўё шеваи мо шуда бошад. Либос низ махсусиятҳои хешро дошта, он дар рушду ишкишофи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии миллии инсон нақши муҳим мебозад. Либос дар тинати одам эҳсоси зебоипарастӣ, озодагию хулқу рафтори ҳамидаро ҷой намуда, инсонро ҳушдор месозад то хушрафтор ва хушгуфтор бошанд. Либос инъикосгари намояндаи маданият, маърифат ва дараҷаи камолоти одам аст.
Афсўс, ки дар замони муосир «либос» нишондиҳандаи мансабу мақом, мартабаю дараҷа ва ба кадом «гурўҳи иҷтимоӣ» нишон додани одамонро нишон медиҳад. Нақши асосии либос натанҳо муҳофизати инсон аз таъсири табиат (сардию гармӣ) мебошад, балки он бозгўкунандаи маданият ва одоби либоспўшии халқу миллатҳо низ мебошад. Сабаб чӣ бошад, ки чунин одатҳои занону духтарони мо оид ба либоспўшӣ дар донишгоҳҳои олӣ беҳ намешавад. Яке аз меъёрҳои интихоби либос мувофиқ ва шинам будани он буда, аз ин хотир либосҳои бо ном: корӣ, барои таҳлсил истироҳатӣ, хонагӣ ва монанди ҳаминҳо мавҷуданд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷавонони имрўзаи мо бояд ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумўи кишвари азизамон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда, тамоми нерўи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи онро сарчашмаи муҳими ҳаёти худ донанд.
Сайфуддинов Фирдавс,
мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ
Хадамоти муҳоҷират