28 марти соли равон бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дарси идоравӣ дар мавзӯи «Тартиби таҳияи дастурамали хизматчиёни давлатӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ – и.в. нозир-референти Агентии хизмати давлатӣ, мушовири давлатии дараҷаи 2 Толибов Раҷабмурод иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Толибов Раҷабмурод муҳтавои тартиби таҳияи дастурамали хизматчии давлатиро ба иштирокчиёни ҳамоиш муфассал фаҳмонида, дар бораи ҳар боби он ба ҳозирин маълумот дод. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки ҳадаф аз ташкили чунин машғулиятҳо ин баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва маҳорату малакаи кории хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Айни замон мавзӯъҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ иборат аз масъалаҳои мубрам буда, барои рушди низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар фарҷом ба саволҳои сершумори иштирокчиён аз ҷониби кормандони масъули Агентии хизмати давлатӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Чунин машғулиятҳои идоравӣ вобаста ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар мавзӯъҳои гуногун аз ҷониби масъулони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ гузаронида мешавад
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират