Дар Хадамоти муҳоҷират дарси идоравӣ дар мавзӯӣ “Хизматчии давлатӣ меҳвари идоракунии давлатӣ” баргузор гардид.
Устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Наимов Маҳмадулло дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.
Маҳз натиҷаи дастгирию ғамхориҳои Президенти маҳбуби кишвар ба соҳаи хизмати давлатӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи дониш ва таҷриба миёни хизматчиёни давлатӣ боло рафта, шумораи хизматчиёни давлатӣ рӯз то рӯз меафзояд. Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад». Ин ҳарфҳо аз ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти бештар дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ талаб намуда, онҳоро ба хидмати содиқонаву поквиҷдонона раҳнамун месозанд.
Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ, баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад, – афзуд Наимов М.
Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират