30-юми майи соли 2023, дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ Алишер Қаҳҳор, дарси идоравӣ дар мавзӯъӣ пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳои ҳолатҳои коррупсионӣ ва шарҳи “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва методологияи тартиб ва методикаи фаъолияти он, гузаронида шуд.
Номбурда, оид ба бартараф намудани омилҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамояд, дар назди ҳозирин мухтасар баромад намуданд.
Инчунин, вобаста ба риоя ва иҷрои ҳамаҷонибаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021- 2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, муқарраротҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», моҳият ва хусусиятҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳии ҳайати иштирокчиён қарор дода шуд.
Зимни баромад, Носири Алишер оид ба вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон, дарки оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, самаранок ва тибқи таъинот истифода намудани амволи давлатӣ, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионро ба ҳозирин фаҳмонида, қайд намуд, ки дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб бояд ҳама ҳиссагузор бошанд.
Таъкид шуд, ки хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, бояд ҳолатҳои хавфи коррупсионидоштаро ба пуррагӣ дарк намуда, ба он роҳ надиҳанд.
Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз дар ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади пурмуқтавои хеш, муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ба ору номус меҳисобанд. Инчунин масоили мубориза ва муқовимат бар зидди коррупсия, ҳамеша аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф гардидааст.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби роҳбарияти Хадамот оид ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба камбудӣ ва норасоиҳо вобаста ба амалҳои коррупсионӣ ба кормандон ва шахсони масъул, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират