Аз 29 майи соли равон МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба Россия сафар мекунанд, дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳангоми омода намудани гурӯҳҳо барои супоридани имтиҳон (санҷиш) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР қабул карда мешавад.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе хабар доданд, имтиҳон дар доираи қарордоде, ки моҳи декабри соли 2022 бо Маркази санҷиши забонҳои Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба имзо расида буд, ба нақша гирифта шудааст.
Гурӯҳи аввали шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба таври ройгон имтиҳон супорида, шаҳодатномаи дахлдорро ба муҳлати панҷ сол дастрас намуданд.
Қайд гардид, ки агар тартиби муқарраргардида тибқи меъёрҳои зарурӣ сурат гирад, дар оянда барои муҳоҷирони тоҷик, ба таври доимӣ санҷиши дониши забони русӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.
Шаҳодатномаҳо барои донистани забони русӣ дар саросари Россия эътибор доранд.
Суроғаи имтиҳон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121.
Арзиши имтиҳон:
Патент -1500 – рубли русӣ (бо сомонӣ)
РВП – 2000 – рубли русӣ (бо сомонӣ)
Иҷозатномаи иқомат – 2000 – рубли русӣ (бо сомонӣ)
Хоҳишмандон метавонанд, дар Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе сабти ном шаванд. Телефонҳо барои алоқа: 225-05-75, 225-02-21, 225-07-33.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират