Дар идомаи сафари корӣ бахшида ба 31 –солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоати деҳоти “Тахти сангин”-и деҳаи Авесто дар мактаби таҳсилоти миёнаи №35 ду синфхонаи иловагӣ бо таҷҳизоти замонавии мактабӣ ба истфода дода шуд.
Дар расми кушодашавии бунгоҳи саломатӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолӣ Ализода Алишер, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорат Каримзода Тоҳир ва намояндагони аҳли ҷамоати деҳот ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ин ду синфхонаи иловагӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҷамоати деҳот сохта барои фарзандони сокинони ҷамоат супоридида шуд.
Чунин амалҳои нек аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ барои сохта ба истифода додани чор иншооти ҷашнӣ, ки бо нақшаи ҳукумати маҳаллии ноҳияи Қубодиён дар ҷамоати деҳоти “Тахти сангин”, ки аз рӯи нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, дар рӯзҳои наздик, ки дар арафаи анҷомёбист ба назар гирифта шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират