Экстремизм имрӯз доғи рӯз аст

Экстремизми тундрав аз андоза гузашта ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини «террор» сарчашма гирифта маънояш тарсу ваҳм аст.

Террористон мехоҳанд мақсаду маромҳои нопоки худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеъаро ба ҳолати тарсу ваҳм ва ноумедӣ афканда аст.

Дар замони мо шахсон ва ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Ба ақидаи аксарияи муҳаққиқон сиёсатшиносон, рӯзноманигорон эктремизи бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳоншавӣ муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносии Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.

Мутаассифона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқӯъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардидаанд.

Чунин низоъро имрӯз мо метавонем дар Сурия мушоҳида кунем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дорад.

Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Вазъияти ҷвҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва ҳаёти бо осоиштаро муҳайё намоем.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ба ҷомеа маблағгузориро барои таъминоти мақомати ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир бунёди иншооти сарҳадӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоти зикршуда сол ба сол зиёд намояд.

Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботу сиёсии ҷомеа мо ҳам бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чунвабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амали он гувоҳ аст, ки террористи ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёраи Замин аст.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъияти хатар дорад, балки ин амали номатлуби бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Терроризм ва ифротгарои дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаамоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, будани пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзишу паҷӯҳишоти зарарҳои дохилиатомию метагалактикаҳои олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифротгарӣ ҳанӯз хатарафзо, ташвишовар даҳшатнок боқи мемонад.

Мақсади мо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз нигоҳ доштани рисолаи мазкур низ дар ҳамин аст, то ки мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористӣ – доштаро ба доираи васеи шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дастрас намуда, собит созем, ки ғояҳои равияҳои мазкур барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайравии ба он оқибатои сангини иҷтимоӣ ба бор меорад.

Бо мақсади он, ки ҷавонони имрӯза доир ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб маълумот дошта бошанд, ин ҷо зарур шуморидем таърих, моҳияти иртиҷоӣ ва симои ҳақиқии онҳоро то як анзода равшан намоем.

Амирали Раҳмонзода
сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси
Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо