Имрӯз экстремизм ва терроризм, ки дар асри XXI авҷи тоза гирифт, яке аз хатарноктарин таҳдид бар суботу оромӣ ва амнияти ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳамон тавр, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Барои омӯзишу таҳлил ва муайян намудани сабабу омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҷараёнҳои тундгаро дар кишварамон то ба имрӯз ҳазорон тадқиқоту назарсанҷиҳо гузаронида шудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки баъзе ҷавонон дар хориҷи кишвар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, рафтору кирдор, намуди зоҳирӣ ва ақидаҳои худро тағйир медиҳанд. Аз ин ҷост, ки ифротиён дар хориҷи кишвар фарзандони моро аз андешаи Ватан, оила ва волидайн дур бурда, бо осонӣ ба доми худ мекашанд. Барои роҳ надодан ба ин, бояд падару модар ва хешу пайвандон хуб андеша намуда, аз ҳолу аҳвол ва таҳсили фарзандонашон пайваста хабардор бошанд, нагузоранд, ки онҳо ба доми шахсони фиребгару қаллоб, душманону хоинон афтанд.
Омили дигаре, ки имрӯз ҷавононро ба доми ҷаҳолат кашида истодааст, ин ҷанги иттилоотӣ, яъне пахши ғояҳои ифротӣ ва моҷароҷӯёна тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки ҳар гуна роликҳои ғаразолудаеро, ки тавассути интернет душманони миллат омодаву пахш менамоянд, ба мафкураи ҷавонони мо осеби ҷиддӣ мерасонанд.
Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёмҳои қаблии худ зикр карданд: “Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои экстремистию террористӣ аксаран зери ниқоби шиору арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи кишвар ҳадафҳои экстремистон террористонро хуб дарк намуда, роҳу усулҳои муосири пешгирии онро дарёфт намудаанд. Дар ин раванд мо бояд дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоту идораҳои дахлдор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хусусан дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар ба роҳ монда, ғояҳои дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қимати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро дар зеҳни омма ҷой диҳем.
Каримова Заррина,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”- и Хадамоти муҳоҷират