Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихи бунёди давлати соҳибитиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 31- солагии онро дар фазои суботи сиёсӣ осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири руйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.
Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд аз ин рӯ кишвари мо барои пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан экстремизму терроризм зарурат дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамояд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.
Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хело муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кули мардумони сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, экстремизм ва терроризм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ экстремизм ва терроризм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашари боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунанд.
Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои экстремистӣ ва террористӣ гардида ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надоранд ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тудаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин аз қабили «Ал – Қоида», «Толибон», «Ҳизб – ут – таҳрир», «Боко – ҳарам», «Доиш» ва амсоли онҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми асили онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошанд.
Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва майшиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад.
Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Паёмади амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бе шубҳа на ба манфиати башарият ва на баманфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Ҳисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои терроистӣ низ бе ҳисоб аст.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифӣ илмӣ як қатор сабабу омилҳои таъсирпазирӣ, пайдоиш ва зӯҳури ин падидаҳои номатлуб (экстремизм ва терроризм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд.
Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байни давлатӣ алоқаманд мешуморанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда, ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки аз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ, ба ин роҳ шахсро водор месозад.
Чуноне, ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баландӣ созмонҳои бонӯфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Аз ин рӯ, аз ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавоноро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афгори барғалатӣ чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯӣ омӯзиш, ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқӯкӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзур кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000- 2003, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамин тариқ дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад.
Мо ҷавонон нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баландӣ миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтиром нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳамагуна хатари экстремизму терроризм муборизаи беамон мебарем.
Мирзода Ш.,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ