Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маркази имтиҳони забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург хабар медиҳад, ки дар аввали моҳи майи соли 2023 барои шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Федератсияи Русияро доранд, аз забони русӣ имтиҳон гузаронанд. Қобили зикр аст, ки имтиҳони нахустин дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ройгон баргузор мешавад.
Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо шаҳодатномаҳои донистани забони русӣ ба мӯҳлати 5 СОЛ дода мешаванд.
Барои маълумоти пурра ба телефонҳои: 2250575, 2250221 муроҷиат кунед.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират