Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Амондара бо муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо чорабинии иттилоотию – маърифатӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат бо савдои одамон ва пешгирии зуроварӣ дар оила суҳбат баргузор намуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд.
Бояд қайд кард, тибқи нақшаи Раёсати Хадамоти муҳочират дар вилояти Суғд дар ҳама шуъбаю бахшҳо бурдани корҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам гузаронида мешавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент