Фаъолияти 9 – моҳа ҷамъбаст гардид

10-уми октябри соли ҷорӣ дар Хадамоти муоҷират маҷлиси Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок доштанд.

Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Имомзода Имомназар аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2022 маърӯза намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки бо мақсади дар тарҳи ниҳоӣ омода намудани лоиҳаи мазкур ва нақшаи чорабинии он 17 – 18 уми майи соли равон гурӯҳи корӣ ҷаласаи охирини худро баргузор намуд. Дар рафти ҷаласа лоиҳаи Стратегия ва нақшачорабинии он бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои мувофиқа ҷониби вазорату идораҳои дахлдор манзур гардид.

Ҳамзамон иттиллоъ дода шуд, ки тибқи Фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз 12 майи соли 2022, №50 Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ оид ба таъсис додани “Фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо” ба тасвиб расида буд. Дар ин радиф, Хадамоти муҳоҷират ду лоиҳа дар бораи “Фонди ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Низомномаи Муассисаи давлатии “Фонди ҳимояи ҳуқуққ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро таҳия намуда, барои баррасӣ ирсол намуд.

Имомзода Имомназар иброз намуданд, ки бо мақсади ба танзим даровардани масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ айни ҳол мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ доир ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад.

Ба ин хотир, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук ҷаласаи кории комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ 15 феврали соли 2022 тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ққайд гардид, ки ба имзорасонии созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ Тарафҳо қарор доранд.

Раисикунандаи ҷаласа Каримзода Тоҳир аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар интиҳо муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо