Фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли ҷорӣ

9 апрели соли равон ҷаласаи Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи Хадамот, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.

Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи аввали соли 2022 муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Имомзода Имомназар баромад намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамот дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 7500 нафар барои соли 2022” таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Фармони мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар дохили кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистону хориҷӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳимояи бозори дохилии ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Лоиҳаи стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ карда мешаванд.

Бо мақсади ба танзим даровардани масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ айни ҳол мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ доир ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад.

Ба ин хотир, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук ҷаласаи кории комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ 15 феврали соли 2022 тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки ба имзорасонии созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасии Тарафҳо қарор доранд. Ҷониби Россия “Созишномаи байни ҲФР ва ҲҶТ оид ба реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он аз ҷониби ВКДҶТ ва ВММваША” ва “Созишномаи байни ҲФР ва ҲҶТ оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ марбут ба масъалаҳои вобаста ба мақомотҳои салоҳиятдори корҳои дохилӣ”-ро анҷом дода, онро ба тариқи корӣ имзо намуда, ба ҷониби мо ирсол намудааст.

Ҷониби Тоҷикистон низ расмиёти дохилидавлатиро анҷом додааст ва лоиҳаҳои номбурда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудаанд. Оид ба имзорасонии созишномаи мазкур дар муҳлатҳои кутоҳтарин чораандешӣ карда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, шаҳрвандон бо се восита муроҷиат менамоянд, ин муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиати хаттӣ ва муроҷиати телефонӣ мебошад. Аз натиҷаи ҷамъбасти маълумотҳои воридгардида бармеояд, ки ба ҳолати 18 марти соли равон ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 7961 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки аз онҳо 7704 нафар шифоҳӣ, 11 нафар муроҷиати хаттӣ ва 246 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.

Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар бораи ҳарчи зудтар ба системаи электронии рафтуоӣ муҳоҷирони меҳнатӣ гузаштан, мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, беҳтар намудани фаъолияти Марказҳои машваратӣ ва дигар ибрози ақида намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо