Дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия дар ноҳияи Фархор вохӯрии намояндагони Ҷамъияти дорои маъсулияташ маҳдуди “Первая экспедиционная компания” бо корҷӯёни ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Ширкати номбурда яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, зиёда аз 300 намояндагии он дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва шахсони бекоре, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд, ширкат намуданд.
Намояндагони ин ширкати хориҷӣ бо корҷӯёни ноҳияи Фархор дар шакли намоиш шароити кор дар ин ширкати бонуфӯзро муаррифӣ намуданд.
Сипас, гуфтугӯи озод миёни корҷӯён ва кордеҳон сурат гирифта, таклифҳои судманди дуҷониба ба миён гузошта шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон