Дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Первая экспедиционная компания” бо корҷӯёни ноҳияи Ҳамадонӣ вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ширкати номбурда яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, зиёда аз 300 намояндагии он дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо сокинони ноҳия, ки корҷӯй мебошанд, ширкат намуданд.
Намояндагони ширкати хориҷӣ бо корҷӯёни ноҳияи Ҳамадонӣ дар шакли намоиш, шароити кор дар ин ширкати бонуфӯзро муаррифӣ намуданд.
Сипас, гуфтугӯи озод миёни корҷӯён ва кордеҳон сурат гирифта, таклифҳои судманди дуҷониба ба миён гузошта шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон