Гурӯҳи кори байниидоравӣ аз корҳои сохтмони манзилҳои истиқоматии муҳоҷирон ва сохтмони инфрасохтори деҳот дидан намуданд

24 августи соли равон гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати боздид аз корҳои сохтмони манзили истиқоматии муҳоҷирони дохилӣ ва сохтмони инфрасохтори деҳот дар мавзеъҳои қабули муҳоҷирони дохилӣ ва рафти татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2019-2021” аз ноҳияҳои Хуросон ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Зимни сафар гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода аз мавзеи қабули муҳоҷирони дохилӣ дар ноҳияи Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуда, ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва таъмини шароити мусоид барои муҳоҷирони дохилӣ чораандешӣ намуданд.

Баъдан ҷаласаи саёр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии баргузор гардида, дар кори он вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд, аз натиҷаи он протокол таҳия гардид.

Ҷиҳати иҷрои саривақти қарори номбурда ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои махсус дода шуд.

Дар гурӯҳи кории байниидоравӣ муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, муовини вазири нақлиёт Сироҷзода Шуҷоат, сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ва дигар шахсони масъул шомил буданд.

Матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо