Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони  шаҳри Панҷакент

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маркази шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимои миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират  дар  байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии   ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) ва БПНМ (Бемории пайдошудаи норасоии масуният)  пешгирии зуроварӣ дар оила баромадҳо аз ҷониби кормандони шуъба ба ҳозирин ироъа гардид.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо