Гузаронидани шанбегиҳои дастаҷамъона бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Хадамоти муҳоҷират

Лозим ба ёддоварист, ки дар асоси сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти муҳоҷират корҳои ободониро ба таври дастаҷамъона ҷиҳати сабзу хуррам нигоҳ доштани саҳни ҳавлии Хадамот ва гирду атрофи он дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуда, аз гиёххои бегона тоза ва обпош шуданд.

Дар шанбегии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Хадамот фаъолона иштирок намуда, дар сабзу хуррамгардонии мавзеи мазкур саҳми худро гузоштанд.

Роҳбарияти ва кормандони Хадамот дар оянда низ, корҳои ободониро ба роҳ монда, кушиш менамоянд, ки дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо