Хадамоти муҳоҷират дар роҳи муқовимат ба коррупсия саҳми худро мегузоранд

Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат ба монанди муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақомоти махсусгардонидашуда таъсис дода шуд, ки вазифаҳои асосии он  аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

 Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати   фаъолияти   самараноки ин мақомот, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминоти моддии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, имрӯзҳо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо  бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ фаъолият намуда истодаанд.

Имрӯз ҳар яки моро кормандони Хадамотро водор месозад, ки тамоми имконият, донишу маҳорат ва нерӯи касбии худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии  Ҳукумати мамлакат равона намоем.

 Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти кишвар қайд намуданд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.

Аз ин хотир, кормандони Хадамоти муҳоҷират бо дарки масъулияти баланди ватандориву шаҳрвандӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич намуда дар роҳи муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар кишвари азизамон саҳми худро мегузоранд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо