Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии
хизмати давлатии зерин озмун эълон мекунад:
ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ
Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ
Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
сардори шуъба-1 ҷой 1674,00 маоши вазифавӣ
Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус
сармутхассис -1 ҷой 1248,90 маоши вазифавӣ
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
сармутхассис-1 ҷой 1186,80 маоши вазифавӣ
Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ
сармутахассис- 1 чой 1186,80 маоши вазифавӣ
Бахши молия ва хоҷагидори
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 972,90 маоши вазифавӣ
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент
сармутахассис -1 ҷой 1131,60 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол
мутахассиси пешбар -1 ҷой 924,60 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон
мутахассиси пешбари-1ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт
мутахассиси пешбари-1ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ
мутахассис -1 ҷой 800,40 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти мухоҷират дар н. Вахш
мутахассис пешбар -1 ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
Шуъбаи Хадамоти мухоҷират дар ш. Кулоб
мутахассис- 1 ҷой 924,60 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.М.С.А. Ҳамадонӣ
мутахассиси пешбар -1 ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти мухоҷират дар ш. Бохтар
мутахассиси пешбар -1 ҷой 924,60 маоши вазифавӣ
Шуъбаи Хадамоти мухоҷират дар н. Ҷайҳун
мутахассиси пешбар -1 ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти мухоҷират дар н. Темурмалик
мутахассис пешбар -1 ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар н.Лахш
мутахассиси пешбар -1ҷой 902,00 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Сангвор
мутахассиси пешбар-1 ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Тоҷикобод
мутахассиси пешбар -1 чой 883,20 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш.Ҳисор
мутахассиси пешбар -1 чой 924,60 маоши вазифавӣ
ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВМКБ
Бахши молия ва хоҷагидорӣ
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 1017,70 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Ванҷ
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 883,20 маоши вазифавӣ
Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои тахассусии зерин муқаррар шудааст:
– Сардори шуъба- мансаби маъмурии категорияи сеюм таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Сармутахассис-мансаби маъмурии категорияи панҷум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Мутахассиси пешбар-мансаби маъмурии категорияи шашум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 собиқаи умумии меҳнатӣ,
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Мутахассис-мансаби маъмурии категорияи ҳафтум таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ дар шакли муқарраргардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли № 038 УЕ);
-нусхаи шиноснома дар бораи додани рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН);
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумот «Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ»
-маълумотномаи оиди доғи Суди доштан (ИЦ)
-маълумотнома (объективка) дар бораи фаъолияти корӣ.
Мувофиқи банди 16-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун
«Хароҷоти вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиқомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад.
Ба маоши вазифавӣ, инчунин фоизи муайян барои собиқаи хизмати давлатӣ пешбини шудааст.
Эзоҳ: Қабули ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рӯзи чопи эълони мазкур дар мӯҳлати 21 рӯз аз тарафи бахши кадрҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Айнӣ-121 амалӣ карда мешавад. - Телефон барои тамос: 225-05-73.