Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқимӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Москва мерасонад, ки дар самти Маркази бисёрсоҳивии муҳоҷиратӣ «Сахарово» хатсайри нави нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Хатсайри нав аз 1 сентябри соли 2021 ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» аз истгоҳи метрои Прокшино то истгоҳи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» ба роҳ монда мешавад.
Тибқи иттилои маъсулин нақлиёти мусофиркаш аз соати 6:15 то 18:45 аз самти истгоҳи “Прокшино” ва аз 8:45 то 20:45 аз самти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” ҳар 15-20 дақиқа ҳаракат менамояд
Вақти сафар дар хатсайри мазкур 1 соатро дар бар мегирад. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират