Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо комиссарияти ҳарбии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, бахусус деҳаҳои дурдаст аз ҷониби масъулин корҳои иттиллоотӣ-маърифатӣ бо ҷавонони синни даъватӣ ба роҳ монда, дар мавзуъҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ назар ба солҳои пешин хело беҳтар шуда, дар мадди назари махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либос, се вақт хӯроки гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд: «Дар чунин шароит тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд».
Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Ба муносибати сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми ояктябри соли 2023 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандони касбу кори гуногуни ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, волидайни даъватшавандагон, ҷавонони фаъол ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинии идона волидайн ва даъватшавандагон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти олии кишвар барои бо шароитҳои хуби хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба волидайни даъватшавандагон ва наваскарон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дастурхони идона ороста шуда, ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки ноҳияи Варзоб дар рӯзи аввали сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 нафар ҷавонони ихтиёриро сафарбар намуд.
Дар ин раванд, қайд кардан бо маврид аст, ки аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб ба волидайни даъватшавандагон ва сокинону меҳмонон ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй» ба миқдори 720 нусха дастрас гардонида шуд.
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб