Хоруғ: Фазои бо кор таъминкунӣ таҳким меёбад


Дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев вохӯрии намояндагони Ҷамияти дорои маъсулияташ маҳдуди “Первая экспедиционная компания” бо корҷӯёни шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Ширкати номбурда яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, зиёда аз 300 намояндагии он дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шахри Хоруғ Суризода Носир, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Мулкамон Каниев, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Ҷаббор Қосим, намояндагони сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, сокинони шаҳри Хоруғ, ки корҷӯй мебошанд, инчунин раисони маҳалаҳои шаҳри Хоруғ ширкат намуданд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ин ширкати бонуфӯзи Федератсияи Россия оиди шаклҳои хизматрасонӣ маълумот манзур намуда, иброз доштанд ки корҷӯён дар асоси қарордоди байнидавлатӣ ба кор ҷалб гардида, аз тарафи ширкати мазкур маблағи чиптаи ҳавопаймо ва дигар ҳуҷатҳои зарурӣ барои кор дар Федератсияи Рассия пардохт карда мешавад.

Қайд гардид ки шароити лозимии кор барои муҳоҷирон фароҳам оварда шуда, онҳо бо ҷойи хоб, ҳамом ва 3 вақт хӯроки гарм ва либоси махсуси корӣ таъмин карда мешаванд.

Ширкати мазкур ба беш аз 14 ҳазор нафар корманд эҳтиёҷ дошта, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ба кор машғул мебошанд. Кор дар самтҳои гуногун ба хусус анборҳои нигаҳдории масолеҳи сохтмонӣ, инчунин фаъолият дар корхонаҳои сабуки саноатӣ, ки ба истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти бофандагӣ сару кор мегиранд, ҷараён мегирад.

Намояндагони ин ширкати хориҷӣ бо корҷӯёни маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ дар шакли намоиш шароити кор дар ин ширкати бонуфӯз муаррифӣ намуданд.


Сипас гуфтугӯи озод миёни корҷӯён ва кордеҳон сурат гирифта, таклифҳои судманди дуҷониба ба миён гузошта шуданд.


Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо