Тартиби додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Тартиби додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд тавассути қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Иҷозат барои кор ҳуҷҷате мебошад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро барои фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 1.08.2014 № 499 иҷозат барои кор ба мўҳлати то 1 сол дода мешавад.
Аз гирифтани иҷозат барои кор шахсони зерин озод карда мешаванд:
– хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбии хориҷии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда адо менамоянд;
– дар намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ кор ва фаъолият менамоянд;
– дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд;
– сайёҳоне, ки бо раводиди сайёҳӣ ба воситаи агентии сайёҳӣ омадаанд;
– ба сафари хизматӣ, аз ҷумла варзишгароне, ки ба мусобиқаҳо, ҳунарпешагоне, ки барои фаъолияти ҳунарӣ бо таклифи расмии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо омадаанд;
– сармоягузорон ва амонатгузороне, ки ба маблағи на камтар аз 500 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ намудаанд, дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатӣ;
– намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
– шахсоне, ки дар иттиҳодияҳои динии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуда, ба фаъолияти касбӣ машғуланд;
– шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кўмаки хайрия ва башардўстона омадаанд;
– роҳбарон ва кормандони шир катҳои хориҷие, ки дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ва ё байниҳукуматии сармоягузорӣ ва қарзгирии имтиёзнок фаъолият менамоянд.
Тартиби додани иҷозат барои кор
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2014, №499 ва талаботҳои Хадамоти муҳоҷиарт шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати гирифтани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
– мактуб ба номи Сардори Хадамоти муҳоҷират (барои дидани намунаи мактуб ин ҷоро зер кунед);
– ариза ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдор);
– нусхаи иҷозатнома;
– шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд бо нусхааш;
– нусхаи раводиди меҳнатӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тиҷоратӣ (барои шаҳрвандони хориҷии давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи раводидӣ доранд);
– варақаи бақайдгирӣ бо нусхааш;
– расидҳо оид ба пардохти ҳаққи иҷозат барои кор бо нусхааш;
– 2 дона расми рангаи ҳаҷмаш 3×4 см;
– маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи №029);
– нусхаи даъватнома ва ё шартнома бо корфармо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).
Ҳуҷҷатҳои расмии дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ ба расмият даровардашуда, ки нусхаҳои онҳо барои гирифтани иҷозат барои кор пешниҳод карда мешаванд, бояд бо тартиби муқарраргардида дар намояндагиҳои дипломатӣ ё идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қонунӣ гардонида шаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар сурате, ки агар ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, ба онҳо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ҳамроҳ карда мешаванд.
Мақоми ваколатдор маълумоти дар ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ҷойдоштаро санҷида, аз натиҷаи баррасии он оид ба додан ё рад намудани иҷозат барои кор қарор қабул менамояд. Бо ҳар як ариза қарори алоҳида қабул карда мешавад.
Мақоми ваколатдор аризаеро, ки дар он рақами бақайдгирӣ гузошта шудааст, ба қайд гирифта, ба аризадиҳанда нусхаи аризаашро бо нишондоди санаи қабули он медиҳад.
Қарор оид ба додан ё рад намудани додани иҷозат барои кор аз ҷониби мақоми ваколатдор дар давоми 15 рўз аз рўзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби аризадиҳанда қабул карда мешавад.
Иҷозат барои кор ба шахсоне, ки ба синни 18 расидаанд, дода мешавад.
Додани иҷозат барои кор дар доираи квотаи муайянгардида, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад:
– ба квотаи муқарраршудаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқ набудани дархост;
– мавҷудияти мутахассисони ватанӣ ба ҷойҳои корие, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд хоҳиши фаъолияти меҳнатиро доранд;
– дарҷ гардидани маълумоти беэътимод дар ариза ва маводи пешниҳодшуда;
– мавҷуд набудани зарурати тамдиди иҷозати кор.
Иҷозат барои кор дар варақае, ки дорои ҳифз аз сохтакорӣ, дар намуди корти пластикӣ тайёр карда шудааст ва ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад ба расмият дароварда мешавад.
Намунаи варақаи иҷозат барои корро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Иҷозат барои кор дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи Хадамоти муҳоҷират ва дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҷониби комиссияҳои дахлдори сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар ин минтақаҳо дода шуда, бо мўҳри сохтори дахлдори Хадамоти муҳоҷират тасдиқ карда мешавад.
Иҷозат барои корро ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, инчунин бо розигии ў корфармо ва ё шахси дигаре, ки бовариномаро барои гирифтани ҳуҷҷати мазкур пешниҳод менамояд, гирифта метавонад.
Ҳангоми гирифтани иҷозат барои кор корфармо ё шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст маълумотномаи тиббиро дар хусуси надоштани бемориҳои нашъамандӣ ва сирояткунанда, ки ба атрофиён хатарнок буда, номгўи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, инчунин сертификати надоштани бемории норасоии масунияти одамро пешниҳод намояд.
Набудани ҳуҷҷатҳои зерин асос барои рад намудани додани иҷозат барои кор ба ҳисоб меравад:
– ариза ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдор);
– шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд бо нусхааш;
– нусхаи раводиди меҳнатӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тиҷоратӣ (барои шаҳрвандони хориҷии давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи раводидӣ доранд);
– варақаи бақайдгирӣ бо нусхааш;
– квитансия оид ба пардохти ҳаққи иҷозат барои кор бо нусхааш;
– 2 дона расми рангаи ҳаҷмаш 3×4 см;
– маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (намунаи №029);
– нусхаи даъватнома ва ё шартнома бо корфармо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).
Ҳангоми аз ҷониби корфармо гирифтани иҷозат барои кор, корфармо вазифадор аст, иҷозат барои корро ба коргари хориҷӣ бо гузоштани имзои худ, ки он ба номи вай то оғози фаъолияти меҳнатиаш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, супорад.
Маблағи пардохт барои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як сол муайян карда мешавад.
Дар ҳолати гум шудани иҷозат барои кор, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бояд дар мўҳлати 10 рўз ба мақоми ваколатдор бо ариза дар бораи аз нав гирифтани иҷозат барои кор бар ивази иҷозати гумшуда бо нишон додани ҳолати гум шудани он муроҷиат намояд. Ба ариза, шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд бо нусхааш, нусхаи раводиди меҳнатӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тиҷоратӣ (барои шаҳрвандони хориҷии давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи раводидӣ доранд), варақаи бақайдгирӣ бо нусхааш, квитансия оид ба пардохти ҳаққи иҷозат барои кор бо нусхааш, 2 дона расми рангаи ҳаҷмаш 3×4 см, маълумотномаи тиббӣ (намунаи №029), нусхаи даъватнома ва ё шартнома бо корфармо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) ва квитансия оид ба пардохти 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба суратҳисоби махсуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қоидаҳои мазкур ворид мегардад, ҳамроҳ карда мешавад.
Баъди санҷиши ҳолати гум кардани эътибори иҷозат барои кор ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар давоми 5 рўз, аз рўзи гирифтани аризаи ў, бо гузоштани имзо иҷозат барои кор бар ивази ҳуҷҷати гумшуда дода мешавад.
Мақоми ваколатдор иҷозати барои кор додашуда ва аз эътибор соқит донисташударо баҳисоб мегирад ва аз натиҷаи додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
Шаҳрванди хориҷие, ки барои кор иҷозат гирифтааст, ўҳдадор аст фаъолияти меҳнатиро аз рўи ихтисоси муайяншуда ва танҳо дар он минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар иҷозат барои кор муқаррар карда шудааст, амалӣ гардонад.
Дар ҳолате, ки коргари хориҷӣ ва ё корфармо, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон менамоянд, агар фаъолияти меҳнатии корманди хориҷӣ ба таъмини манфиатҳои амнияти миллӣ зарар расонад ва агар зарурияти ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён ояд, иҷозат барои кор аз ҷониби мақоми ваколатдор бекор карда мешавад.
Дар ҳолати надоштани иҷозат барои кор шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба шакли моликияташон барои ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷозат барои корро надоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи Қоидаи мазкур, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ омадааст, бояд қаламрави ҷумҳуриро дар муддати 5 шабонарўз ихтиёран тарк намояд. Дар сурати тарк накардан ў бе таъхир аз ҳудуди ҷумҳурӣ аз тарафи мақоми ваколатдор ронда мешавад.
Маблағи аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳисоби худи ў ва ё шахси корфармо, ё ин ки аз тарафи даъваткунанда пардохта мешавад.
- Номгӯи ҳуҷҷатҳо
Оиди гирифтани Иҷозатнома (лицензия)
Мактуб ба номи Сардори Хадамот;
Шаҳодатнома, РМА (ИНН), Иқтибоси корхона;
Нусхаи шиносномаи Роҳбари Корхона;
Руйхати тачхизотхо;
Фармони ҳуқуқшинос;
Нусхаи Дипломи ҳуқуқшинос;
Нусхаи шиносномаи хукукшинос;
Нусхаи иҷораи бино;
Руйхати кормандон;
Маълумотномаи Оморӣ;
Оинномаи корхона тарики нотариалӣ таъидшуда;
Расидҳо (272+680 c);
Ваколатномаи шахси масъул.
- Номгӯи ҳуҷҷатҳои Иҷозат барои кор:
1. Мактуб ба номи Сардори ХМ;
2. Ариза;
3. Нусхаи Ичозатнома (Лицензия);
4. Нусхаи РМА,Иктибос,Шаходатнома;
5. Нусхаи шиносномаи Рохбар;
6. 2 дона сурат 3х4;
7. Маълумотномаи тибби шакли 029 (Медгородок);
8. Маълумотномаи ВИЧ СПИД;
9. Шартномаи мехнатӣ;
10. Нусхаи шиноснома, раводид, варакаи
бакайдгирии шахрванди хоричӣ;
11. Ваколатномаи шахси масъул.
12. Расидхо (квитанция) 4080 сомонӣ;
3264 Бочи ҷумхурӣ;
816 Хизматрасонии ХМ.