Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти иҷозатномашаванда:
– фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– ба фаъолияти бокортаъминкунӣ хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷустуҷӯи кори пардохтшаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гирифтани иҷозат барои кор дар давлати хориҷӣ ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷию ватанӣ мансуб мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518);
Аз рӯи зарурият Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад оид ба гузаронидани экспертизаи мустақили ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида қарор кабул намояд. Дар ин сурат қарори додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани хулосаи экспертӣ, вале на дертар аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518), аз 5.07.2014 № 461).
Шарту талаботҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият оид ба бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– дар ҷадвали штатии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани на кам аз як воҳиди кории мутахассиси дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи ҳуқуқшиносӣ;
– мавҷуд будани бино, таҷҳизот, махзани маълумоти таъминкунандаи алоқаи мунтазам бо биржаи меҳнатӣ;
– вазъи молиявии қаноатбахш.