• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак!

admin by admin
06.05.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
312
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

“Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд”.

  Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола рӯзи 9-май дар кишвари азизу маҳбуби мо бо нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарони мо, ки баҳри ҳимояи халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд, ҳамчун иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. 

Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар баробари дигар халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ матонату садоқати хешро ба ватан изҳор намуда, баҳри ҳифзи халқу Ватан ва ояндаи дурахшони мо ҷони худро нисор карданд.

Ҳамин буд, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз аз Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазор ҷони худро баҳри озодии Ватан-модар аз фашизм нисор намуданд. Мардонагиву садоқати сарбозони тоҷик дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дода шуда, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар баробари ин 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд, ки боиси ифтихори мост.

Ҳамзамон дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми бениҳоят муносиб гузоштанд.

Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додаанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.”

Мо кормандони Хадамоти муҳоҷират дар назди қаҳрамониҳои гузаштагони худ, ки баҳри озодии Ватан-модар ҷони худро дареғ надошта мардонавор ба зидди фашизм ғалаба намудаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Бо таманнои нек ба фардои дурахшони Ватани маҳбуб, Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон, инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷират табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба халқи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.

Ид муборак, ҳамкорони азиз!

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Бори аввал аз забони русӣ имтиҳон баргузор шуд

Next Post

Коррупсия – хатари ояндасўзи амали инсонӣ

Next Post

Коррупсия – хатари ояндасўзи амали инсонӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.