Идомаи мулоқотҳо бо сокинони деҳаҳои Ширг ва Хушарвки ноҳияи Дарвоз

Дар доираи татбиқи иқдомҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳаҳои Ширг ва Хушарвк баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират, ки дар гурӯҳи корӣ шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҳадафи чунин вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмондани моҳияти сиёсати давлату Ҳукумат ва татбиқи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Гуфтугӯҳо асосан атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва об, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, тарбияи дурусти насли наврас, муҳоҷирати бехатар, қонуну қоидаҳои нави қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷират ва  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ сурат гирифт.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Дагиев Зиёратшо баромад намуда, ба самъи сокинон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.

Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:

1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;

2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.

Ба иттилои сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Чунин вохӯриҳо минбаъд низ пайгирона идома хоҳанд ёфт.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо