Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят месозад.

Ободкорию созандагии кишвар ба ҷавонон неруву илҳоми тоза мебахшаду боз ҳам баҳри гулгулшукуфии диёр меҳнати софдилона менамоянд. Ба пеш ҳаракат мекунанд. Дар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд, Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд.

Ин фаъолнокии ҷавонон кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонид, ки бемуҳобот дар ниҳоди насли ҷавон неруву тавоноӣ ва умеди басо тоза мебахшад.

Мутаассифона, имрӯзҳо кам нестанд хоинони миллат, ки аз кишварҳои бегона истода, кӯшиш мекунанд, ки барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон халале ворид созанд.

Мушкилоти экстремизм ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро бо хатари бузурги сайёра табдил додааст ва имрӯз ҳама барои бартараф сохтани ин вабои аср кӯшиш менамоянд. Аз ҷумла, Тоҷикистони мо дар ин замима фаъол мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистони мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундравиро мушкилоти асри навин мешиносад ва оид ба ин ҳаракатҳо ҳамеша тавассути ахбори омма мардумро аз рафти ин мушкилот ҳушдор месозад.

Аз ин рӯ коршиносон ва донишмандон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ бо воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад. Онҳо мехоҳанд, ҷавонони ноогоҳи моро гумроҳ намоянду ба вартаи ҳалокат тела диҳанд.

Бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша ин ҷавонон барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо характери умумимиллӣ пайдо кардааст.

Қобили зикр аст, ки раванди ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст.

Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Шоев Умед, мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо