Ифротгароӣ падидаи нав нест. Ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду гоҳ‐гоҳе аз худ дарак медод. Он на фақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ, аз забони арабӣ «Ифрот», яъне «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре, аз вожаи форсӣ «гаро» иборат аст, ки «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.
Пас ин калима ва гурӯҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва шуури ӯ, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст». Ифротгароён дар ҳама мазҳабу динҳои олам зуҳур доранд. Онҳо имконият ва фурсати муносибе ёфта, худро зоҳир менамоянд.
Ифротгароёни дини яҳудӣ иброз медоштанд, ки «ғайри яҳудӣ дигар касе вориди биҳишт шуда наметавонанд», ки ин бологузории як миллат аз болои дигаре ҳаст. Пайравони дини яҳудӣ сар бардошта, аз пайғамбари худ дархост кардаанд: «Мо мехоҳем, бо Худо рӯи рост сӯҳбат дошта бошем, на бо воситаи ту».
Дар дини масеҳият пас аз пайғамбар Исо андешаҳои ифротгароёна бараъло зуҳур карданду масъалаи «Сегонапарстӣ» (таслис) ‐ ро ба дини масеҳиён зӯран ҳамроҳ карданд.
Ҳар се дин – яҳудӣ, масеҳӣ ва Ислом басо кӯшидаанд, ки бо насиҳатҳо, панду андарзҳо, роҳу равиши пешгирифтаи ифротгароёнро бигиранд, вале онҳо хуруҷ мекарданд. Маҷбур бо онҳо муборизаи шадид бурда, то андозае равиши онҳоро паст намуданд.
Ифротгароӣ ғайр аз дин дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозад. Ин гуна ифротгароён аз норасогиҳои ҷамъият, шароити номусоиди мардум истифода бурда, бо роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд.
Гурӯҳи ифротгароён, ки дар Ироқу Сурия сар бардоштаанд, мақсади нопоке доранд. Парчамашон ранги сиёҳ аст, яъне зулмоту торикист. Бо ин парчами зишти худ мехоҳанд, ки давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯё «Ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади нопоки хеш расидан ба андешаҳои ифротгароӣ номи дини мубини Исломро доғ оварда, мехоҳанд, сафи «муборизон»‐и худро изофа гардонанд.
Дини мубини Ислом ягон айбе надорад, ҳама айбҳо дар мусулмонии мост. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гурӯҳи ҷавононро ба тарафдории хеш ҷалб намуда истодаанд. Бо ин мақсади нопоки худ бо қатлу ғорат дар Ироқу Сурия ифротгароён рӯз аз рӯз кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки ин ғайри дини мубини Ислом аст.
Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дуран‐ деш будаанд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳварӣ тарбия намудан лозим аст. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират