КӮМАК БА ОИЛАҲОИ АЗ ЗАМИНЛАРЗА ЗАРАРДИДА ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

Дар доираи ҳамкориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик дар хориҷи кишвар 7 августи соли 2021, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикон «Дӯстӣ» дар минтақаи федералии Сибири Федератсияи Россия ба 4 оилаи аз заминларза зарардидаи деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод кумаки молиявӣ расонида шуд.

Кумаки мазкур барои сохтмони манзилҳои харобгардидаи сокинони ин деҳа пешбинӣ шуда, аз ҷониби раиси Ҷамъияти мазкур Абдурҷабборов Сияршо ва муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Нурулло расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар бисёр фаъол буда, ҳамеша аз сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, бо Ватани аҷдодӣ дар робитаи доимӣ қарор доранд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо