Комиссияи участкаи интихоботии №20 оид ба ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
Тавре дар суҳбат котиби комиссияи участкаи интихобот №20 Давлатов Маҳмуд иброз намуд, “участкаи мо аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ба фаъолият оғоз намуда, нақшаи корию реҷаи навбатдорӣ тасдиқ кард?.
Ӯ қайд кард, бинои участкаи интихоботӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, мутобиқи талабот ҷиҳозонида шуда, бо маводу таҳҷизоти зарурии коммуникатсионӣ таъмин гардидаанд. Участкаи интихоботӣ пурра бо ҳуҷра ва қуттии овоздиҳӣ таъминанд ва барои хизматрасонии тиббӣ, модароне, ки фарзанди хурдсол доранд, афроди имконияташ маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Раиси комиссияи участкаи интихобот №20 Раҳмонзода Амиралӣ дар суҳбат иттилоъ дод, ки маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон 15 рӯз пеш аз интихобот оғоз гардида, рӯйхати интихобкунандагон ва маҳаллӣ овоздиҳӣ шинос карда мешавад. Ба мақсади ширкати фаъоли раъйдиҳандагон ва иттилои бештар дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар дохилу беруни бинои комиссияи участкаи интихоботӣ шиору овезаҳо насб мешаванд.
Раҳмонзода А. итминони комил дорад, ки интихоботи дар пешистода ба омили муҳими муттаҳидсозии тоҷикистониён, таҳкими ҳарчи бештари ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мубаддал хоҳад ёфт.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират