Конститутсия – бахтномаи миллат

«Конститутсия — бахтномаи миллат»-таҳти чунин унвон 5 ноябр дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир зикр намуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 27 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худро таҳким бахшид. «Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд. Конститутсияи давлати соҳибихтиёрамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидааст», гуфт Каримзода Тоҳир.

Мавсуф тазаккур дод, ки ҳақиқати таърих аст, ки маҳз бо шарофати иродаи ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо қудрати матин ва ақлу заковати мардуми фарҳангсолори тоҷик ин санади тақдирсози миллат қабул гардида, он барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда бозидааст.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо