Ҳеҷ як кишваре бе конститутсия арзи вуҷуд дошта наметавонад ва тамоми кишварҳои рӯи олам дорои конститутсияи худ мебошанд. Аз ҳамин хотир Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам пас аз даст овардани истиқлолият ба қабули Конститутсияи хеш пардохт. Азбаски дар оғози Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳуриамон муноқишаҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ идома мекард, бинобар ҳушу гӯши мардум ба оромии сиёсии кишвар равона гардида буд ва пас аз гузашти се соли истиқлолият, яъне 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар ҷумҳуриамон Конститутсияи давлатӣ қабул гардид.
Агар ба таърихи гузашта назар андозем, маълум мешавад, ки дар ҷумҳуриамон солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва охирин маротиба соли 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд. Конститутсияи охиринамон аз конститутсияҳои пешина ба ҷанбаҳои демократии хеш ба куллӣ фарқ мекунад, зеро он бо талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон роҷеъ ба Конститутсияи давлатӣ, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ чунин гуфта буданд: “Хусусияти асосӣ ва муҳими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурӯҳи одамон қабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад”.
Қабул гардидани Конститутсия имконият фароҳам овард, ки давлат тамоми шароит ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ, якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, гузаштан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ сафарбар намояд.
Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки меъёри мазкур барои пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст омад. Он аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқаррар намуд, ки ин меъёр барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ ва бамаротиб афзудани иқтисодиёти кишвар мусоидат кард. Дар як вақт беҳтар гардидани сатҳи иқтисодиёти кишвар имкон дод, ки маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоиву маориф зиёд гардида, вазифаҳои давлати иҷтимоӣ таъмин карда шаванд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихию сиёсӣ низ дорад, зеро он аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва сохтори дохилии худ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дошта, тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар давлатдорӣ, низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ шиносоӣ пайдо менамоянд. Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯи олам бо ҷанбаҳои демокративу башардӯстонаи худ ҳамчун шиносномаи давлат ва халқи тоҷик эътироф гардидааст.
Айни ҳол дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва 357 қонуни соҳавӣ мавриди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими асосӣ барои кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситаи вакилонаш шароити арзанда фароҳам овард. Ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои ташкили ҳизбҳои сиёӣ, иштироки фаъолона дар интихобот, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат дод.
Мо бояд Конститутсияро на ҳамчун матни дар коғаз сабтшуда, балки онро низоми арзишманде донем, ки тамоми фаъолияти шаҳрванд ва сохторҳои давлатиро ба танзим дароварда, инчунин ҷомеро ба сӯи хушбахтию шукуфоӣ равона месозад.
Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.
Зоидов Ҳусейнҷон,
Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд