• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб

admin by admin
27.04.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҲХДТ дар ноҳия, инчунин ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади расонидани муҳтавои матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми декабри соли 2022, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷойҳои кории холӣ ва сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун», гурӯҳи кори ташкил намуда миёни аҳолии ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Аз ҷумла, зимни мулоқот бо аҳолӣ вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самарнок истифода намудани ҳар ваҷаб замин, ба ҳозирин расонида шуд. Қайд гардид, ки ҳар як оила бояд барои эҳтиёҷоти худ, инчунин ба даст овардани даромади бештар ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ кушишҳо ба харҷ диҳад. Сазовор гардидан ба зиндагии гуворо аз муносибати оқилонаи аҳолии кишвар ба замин, вобастагии зич дорад.

Дар назди ҳозирин вобаста ба иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои муштарак оид ба самтҳои болозикр ҷиҳати гиромӣ доштан ва ҳимоя кардани истиқлолу озодии давлати тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ, амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулин иброзӣ ақида карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур ба шаҳрвандон, ки барои кор ба хориҷа сафар менамоянд корҳои фаҳмондадиҳӣ низ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, оид ба қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумоти кофӣ дода шуд. Дар охир аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ барои гирифтани бештари маълумот вобаста ба муҳоҷират дар давлатҳои хориҷа супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шудааст. Дар масъалаи мазкур ба ҳозирин маълумотҳои лозима расонида шуд.

Ҳамчунин ба воситаи раисони маҳалла ва ҷамоатҳои ноҳия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ теъдоди 200 адад эъломия насб карда шуд.

Аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, кушиш ба харҷ дода мешавад, ки тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида шавад.

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Сари роҳи ифротгароиро гирем!

Next Post

Муарифии “системаи ягонаи иҷозатномадиҳии хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

Next Post

Муарифии “системаи ягонаи иҷозатномадиҳии хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.