Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Иван–Тоҷик, бо сокинон ва пайвандони муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарор дошта, оиди қонунигардонии будубоши шаҳрвандон дар  қаламрави Федератсияи Россия, тартиби бақайдгирии ҷои зист, гирифтани иҷозатнома барои кор (патент), пайваста огоҳи пайдо кардан волидайн аз зиндагӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирон, пешгирӣ аз оқибатҳои даҳшатафканиву ҳаросафканӣ, пушидани сару либоси ба миллати мо бегона  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, вохӯрии навбатӣ  анҷом дода шуд.

Дар вохӯри оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида андешаронӣ кардашуда, ҳамзамон пиромуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” низ суханронӣ ва пурсишу посухҳои ба маврид сурат гирифт.

Ҳамзамон, зимни суҳбат аз ҷониби намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир гардид: тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР, додани тавсияҳои мушаххас бобати қонунигардонии мақоми будубоши шаҳрвандон; тартиби нави дохилшавии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои миёнаи Россия, зарурати ҳатмии омодасозии томактабии кӯдакон барои пешгирии хориҷшавии онҳо аз муассисаҳои таълимӣ; вазъияти мураккаби геополитикӣ ва дар ин росто кӯшишҳои доираҳои манфиатҷӯ ҷиҳати барангехтани кинаву адовати миллӣ, таҳрики афкори миллатгароёна ва зарурати эҳтиёткорӣ дар чунин масъалаҳо; фаъолияти таблиғотии созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, махсусан ташвиқот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати худдорӣ аз мутолеаи саҳифаҳои ғайрирасмии паҳнкунандаи маводи динӣ; пешгирии таълимоти ғайриқонунии динии фарзандони муҳоҷирон, аз ҷумла таълимоти фосилавӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ; худдорӣ аз расонидани кумакҳои хайриявӣ тариқи интиқоли маблағ ба кортҳои ашхоси номаълум ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ иброз гардид, ки солҳои охир бо мураккаб шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир, арзиши истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар умум пойдории давлатдории миллӣ, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб мешавад. Омилҳои номбурда дар умум боис шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шавад. Яке аз афзалиятҳои муҳими ин қонун дар он аст, ки дар қонун тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, балки бо фарогири паҳлуҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва фарҳангиву ахлоқи таҷассум ёфтааст.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо