Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии пайвастани муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию  террористӣ, ҷалби қувваи кории қобили меҳнат дар дохили кишвар, тақвият бахшидани корҳои созандагию ободкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаи Сарёзии миёнаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Сафаров Абдулфайз, ки дар ҳашари кашидани хати оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Сарёзии миёна иштирок дошт, ба таваҷҷуҳи сокинони деҳа расонид, ки  тибқи Фармони  Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126” муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст.

Бо назардошти ин муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламравӣ Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд пурра имконият доранд, ки то санаи 10  сентябри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба расмият дароварда дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолияти меҳнатиашонро идома дода,аз хатарҳои ба онҳо таҳдидкунанда дар амон бошанд.

Вобаста ба масъалаи пешгирӣ ва барҳам задани амалҳои экстремистию террористӣ дар байни ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ хотирасон карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд пеш аз ҳама худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирифта ба паёмакҳои телефонӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ интернетӣ, инчунин дигар сомонаҳое, ки ҳар як фарди солимфикрро ба гумроҳи оварда мерасонанд, фирефта нашаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб  Тағоев Б., ба иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба мутахассисони баландихтисос, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, такмил додани малакаҳои касбӣ, эҳтироми арзишҳои миллии кишварҳои қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар корхонаю ташкилотҳои дохили кишвар  мутахассисони дорои малакаҳои хуби касбӣ эҳтиёҷ ҳаст ва онҳо метавонанд дар шароити хуб ва бо музди маоши арзанда кору фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба онҳо брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо