Бо ташаббуси МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб, ки дар фӯрудгоҳи байналмилалии Кӯлоб вобаст мебошанд, дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути тайёра барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо ба сокинони мамлакат доир ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, шаҳрвандонро, бахусус, ҷавононро бори дигар таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашаванд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ба ҳозирин буклету варақахои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷрони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе