Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи кор бо занон, маориф, миёни сокинони маркази шаҳри Конибодом корҳои иттиллотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаҳо доир ба мавзуъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» сухан гуфтанд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯи озод намуданд. Дар рафти мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ низ тақсим карда шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар сокинони маҳаллаҳои мазкур иштирок доштанд.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар ҳама шуъбаю бахшҳои Раёсат мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом