Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд оид ба гузаронидани корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров бо варзишгарон вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират Камолзода Саид, пеш аз оғози мусобиқа бо варзишгарон доир ба мавзӯъҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон», муҳоҷирати бехатар ва пешгирии падидаҳои номатлуб суханронӣ намуда зикр кард, ки Қонуни мазкур самтҳои тарбияи ватандустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Вазифаҳои тарбияи ватандустӣ ин ташаккули худшиносии миллӣ, муносибатҳои арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, инчунин эҳё ва рушди онҳо мебошад.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо дар ҳама шуъбаю бахшҳои Раёсат мунтазам гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд