Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оиди амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро дар ин самт хуб ба роҳ монд.
Бояд қайд намуд, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои МИХД-и шаҳр баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, коҳиш додани муҳоҷират дар байни занон ва зӯроварӣ дар оила, пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаҳмонидани қонунҳои нави Федератсияи Россия корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии шаҳру ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент баргузор намуданд.
Дар давоми моҳи августи соли 2023 дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 7 чорабинии итгилоотӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории чорабиниҳо ба шаҳрвандон оид ба оқибатҳои шомил гардидани наврасону ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, соҳибкасб намудани занону бонувон ва ҷавонон ва ба ин васила паст намудани шидати муҳоҷират ва бекорӣ аз ҷониби кормандони шуъба ба ҳозирин баромадҳо ироа гардид.
Дар охири чорабиниҳо ба иштирокчиён буклету варақаҳои иттилоотӣ таксим карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент