Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб аз ҳавзаи интихоботии №19 Ҷафарова Сафаргул аз 22 то 24-уми июни соли 2023 дар ҳудуди деҳаҳои Пошум, Пишанбе ва Порути ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб бо интихобкунандагон вохӯриву суҳбатҳо доир намуд.
Зимни мулоқот дар мавзуъҳои, муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022, оид ба иҷрои қонуну қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба савдои одамон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун», дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Аз ҷумла қайд агрдид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.
Дар ин раванд, масъулин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд меандешад.
Қобили қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои шаҳрвандонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои шаҳрвандон пайваста таъмин месозанд, ба сокинони деҳаи болозикр муаррифӣ гардида, ба таври васеъ тавзеҳ дода шуд.
Инчунин, таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Тавре Пешвои маҳбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: «Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд».
Дар баробари ин, аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб аксияи муштарак гузаронида шуда, ба сокинони деҳаҳои зикргардида ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар шароити пандемия», «Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи Барқи Обии «Роғун», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус (COVID-19) ҳифз намоед», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Аз санҷиши ВНМО гузар», «Мо зидди савдои инсонем» ва «Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ба миқдори 900 нусха дастрас гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб