Аъзои ҳизб қадрдонӣ гардиданд

16 ноябр бо ибтикори ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ботантана баргузор гардид, ки дар он як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Дилбар, раиси ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Дилбар тазаккур дод, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.

Дар фарҷом як қатор фаъолони ҳизбии Хадамот бо ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ба 4 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо