• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия – хатари ояндасўзи амали инсонӣ

admin by admin
06.05.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон оид ба  татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандон ва иттилоотонии онҳо оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусуссияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, хонишии идоравӣ баргузор кард.

Дар чорабинӣ подполковники адлия, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсия, Латифзода Талабшо Латиф ва капитани адлия, нозири калони ҳамин шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Давлатзода Собирҷон Ғаффор иштирок доштанд.

Латифзода Т.Л.аз он шукргузорӣ кард, ки имрўзҳо ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ба мову Шумо имконияти хубе баҳри ибрози ақидаҳои  озоди манфиатовар дар самти муқовимат ба зуҳуроти номатлуб фароҳам оварда шудааст.

Мавсуф ҷиҳати амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гуфт, ки он ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳури Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона карда шудааст.

Стратегияи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони  мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида вобаста ба салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

Инчунин, Латифзода Т.Л. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, ки аз  07 августи соли 2020, №1714 қабул гардидааст, хусуссиятҳои хоси татбиқи муқаррароти меъёрҳои онро ба шунавандагон шарҳу тавзеҳ дод.

Капитани адлия Давлатзода С.Ғ. зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудан ба аъзогии Созмони Миллали Муттаҳид дар таърихи 2 марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ бетараф нест ва дар ин росто саҳми худро бо қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия буда, ба ин санади байналмилалӣ таърихи 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 эътироф ва ё ратификатсия карда шудааст.

Давлатзода С.Ғ. афзуд, ки дар қатори дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии дар самти муқовимат бо коррупсия қабулгардида, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бо коррупсия, 28 октябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадаф аз ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо  Методология тартиб ва методикаи баргузории таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро тасдиқ намуд.

Тибқи банди 2 Қарори мазкур вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомтҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳри дар амал татбиқ намудани методологияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бояд бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд.

Дар навбати худ тибқи банди 3-и ин қарор Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки аз натиҷаи иҷроиши Методологияи номбурда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар амри пиёдасозии армонҳои миллиамон дар пайравӣ ба Пешвои миллат баҳри решакан ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб фаъолона ширкат намоем.

Дар фарҷом сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азиззода Баҳодурҷон чорабиниро ҷамъбаст намуда, баён дошт, ки баҳри татбиқи санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома хоҳанд дод.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак!

Next Post

Бегонапарастӣ фарҳанги миллиро аз байн мебарад

Next Post

Бегонапарастӣ фарҳанги миллиро аз байн мебарад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.