Маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират


7 сентябри соли равон ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


Ҷамъомадро мувоини якуми сардори Хадамот Имомзода Имомназар бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда – Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният намуд. Баъдан риштаи суханро ба Сарддори Хадамот Каримзода Тоҳир доданд.


Сардори Хадамот кормандони дастгоҳи марказиро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, аз дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.
Ӯ қайд кард, ки Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик сароғози давлатдории навин ва бунёди ҷомеаи мутамаддин гардид. Дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ кишвари мо миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи хоси худро пайдо намуда, миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам ниҳод.


Дар поёни ҷамъомад Сардори Хадамоти муҳоҷират бори дигар аҳли нишастро ба ин санаи фархунда муборакбод гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки аҳли кормандони Хадамот ва дар маҷмӯъ, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу субот бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва саъю кӯшиши миллати ободгару созандаи тоҷик моро марҳила ба марҳила ба ққуллаи мурод наздик мекунад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо