• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Хадамоти муҳоҷират

admin by admin
04.10.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
314
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябр дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Заробов Раҳмоналӣ Саиданварович таъкид намуд, ки ҳифзи забони миллӣ, арҷгузорӣ ба он яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Роҳбарияти Олии кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати забони тоҷикӣ ишора намуда, қайд кардаанд, ки “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад”. Чунин эҳтироми махсус нисбат ба забони модарӣ нишонаи аҳамияти он дар бунёди давлатдории миллии мо мебошад, зеро дар ҳама давру замон эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби шахсиятҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангӣ пайомадҳои нек ба бор меорад. Таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, хосатан, бояд қайд намоем.

Аввалин қонун дар бораи мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ ҳанӯз 22 июли соли 1989, дар замони Ҳукумати Шӯравӣ қабул гардида бошад ҳам, Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Яке аз чунин рукнҳои маънавию фарҳангӣ забон буд, ки дар ҳамон шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ниёз дошт. Забоне, ки дар муддати зиёда аз ҳазор соли таърих фишору таъқибҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо фарҳангу маданияти халқиятҳои бегона дар сангарҳои муқобил мардонавор истодагарӣ намудааст. Бо вуҷуди ин ҳама тазйиқу нотавонбиниҳо забони тоҷикӣ тавонист аз имтиҳони таърих гузашта, ба сифати як забони тавонманд ва баҳамоварандаи миллат то ба замони мо омада расад. Албатта, ин ҳама пояндагиву боландагӣ ва ҷовидонагии забон тавассути ҷонсупориҳои фарзандони шарафманди миллат рӯи кор омадаанд, ки, барҳақ, боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як фарди худогоҳу худшинос аст.

Ҳамин аст, ки аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2009) таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар асоси он минбаъд ҳамасола таърихи 5-уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Дар зарфи зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба масъалаҳои забонӣ ва нақши он дар ҷомеаи муосири тоҷик он қадар афзун гардид, ки назирашро ҳеҷ як давраи таърихӣ ёд надорад. Дар ин марҳилаи тақдирсоз забоншиносону адибони ватанӣ тавонистанд бо таълифотҳои арзишманди илмиву бадеӣ меъёрҳои истеъмолии забони тоҷикиро муқаррар созанд ва риояи бечунучарои онҳоро дар ҷомеа ба роҳ монанд. Имрӯз забони модарии мо меъёрҳои овоӣ, талаффузӣ, имлоӣ, луғавӣ, услубӣ ва сарфиву наҳвии худро дорад, ки дар заминаи онҳо шохаи адабии забон фаъолият мебарад.

Дар ҳоле ки Истиқлоли давлатӣ ба мо истиқлоли забониро фароҳам овард, мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ низ дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол беҳтар гардид. Тасдиқи он баромадҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, кашфиётҳои олимони тоҷик, тарҷумаи асарҳои зиёди илмиву бадеӣ бо забони тоҷикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди сиёсиву фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсояву ҳамзабон, фаъол гардидани забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди тоҷик мебошад, ки имрӯз забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ садо дода, аз пешрафту тараққиёти давлат ва хушрӯзгории мардуми тоҷик мужда медиҳад.

Дар ин роҳ ва расидан ба дигар ормонҳои миллӣ, ки яке аз онҳо ба рушди забони модарии мо алоқамандии бевосита дорад, моро мебояд ҳамеша дар пайи беҳдошт, тозагӣ ва риояи меъёрҳои истеъмолии забон бошем. Танҳо дар ин сурат метавонем забонамонро ҳамчун забони рақобатпазир ва тавонманд ба наслҳои оянда мерос гузорем, – афзуд Раҳмоналӣ Саиданварович.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм

Next Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

Next Post

Корҳои иттилоотӣ - маърифатӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.