12 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммад Вализода маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ «Муҳоҷир» доир гардид.
Сароғоз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ «Муҳоҷир» Каримзода Тоҳир шунида шуда, баъдан оид ба масъалаҳои зарурӣ қарорҳо қабул карда шуд.
Сипас Муҳаммад Вализода оид ба фаъолияти созандаву доманадори ҲХДТ ва сиёсати инсонмеҳваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқ кард. Зикр дошт, ки ҲХДТ дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро бар зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд.
Дар доираи амалии Барномаи ҲХДТ самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некуаҳолии мардум боло рафта истодааст. Дар бахши иҷтимоии барномаи мазкур тарбияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ тақвият бахшида шуда, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлату миллат ва якпорчагии сарзамин ҳифз карда мешавад. ҲХДТ ба ҳайси як ҳизби сиёсӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи кишварро ба корҳои созандагию бунёкорӣ, ватанпарастӣ ва дастгирию ҳамовозӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷалб, тарбия ва ҳидоят менамояд.
Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш дар созандагию ободонии пойтахти кишвар, омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ фаъолияти созгорро сомон додааст.
Дар идома Каримзода Тоҳир роҷеъ ба таҳким ва тарғиби идеологияи миллӣ дар ҷомеа ва дар ниҳоди насли ҷавон, ҳифзи идеологияи солими миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи амнияту субботи сартосарӣ дар кишвар ва якпорчагии сарзамин, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ нутқ кард.
Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, вуруди идеологияи тахрибкор ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез ҷомеаи кишвар ва ҲХДТ мубориза бурда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми хешро мегузорад.
Дар интиҳо мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммад Вализода аз ҳолати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, фаъолияти сиёсии ташкилот, корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар масоили дохилиҳизбӣ боздид намуда, ба масъулин дастуру тавсияҳои пешниҳод намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират