Маҷлиси ботантана, бахшида ба “Рӯзи модар”

5 март дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи он бахшида ба Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир бо сухани табрикӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар кишварамон эълон гардидани Рӯзи модар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон далели равшани мақоми баланди зан дар ҷомеаи мост.

Сипас, Каримзода Т., саҳми арзандаи занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъкид намуда, бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат: «Модар гаҳвора ва ҷаҳонро ба ҳам мепайвандад, бо эҳсосу андешаҳои поку накӯкор фарзандашро ба воя расонида, баҳри ободии хонадону ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад».

Инсон бо кумаки модар дунёро барои худ меомузад ва кашф мекунад, яъне модар аввалин муаллим ва мураббии инсон аст ва бо тамоми саховатмандиаш барои тавоноӣ ва ободии оила, ҷомеа ва давлат талош мекунад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бонувони Хадамот аз ҷониби роҳбарият қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо